БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТ БАҲРИ ОСОИШТАГИИ ВАТАН!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо мақсади баргузории суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар толори муассисаи таълимии №10 - и Ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Сафобахш  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ сараввал роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ Ғуломов Нурулло  оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ироаи сухан  намуд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмуҳаммад Авғон ба сухан баромада, вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, қайд кард, ки шахсоне, ки синнашон ба 18  расидааст ҳуқуқи иштирок дар интихоботро доранд, пас барои шаффоф ва демократӣ гузаштани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҳар яки мо ҳуқуқи як овозро ба тарафдории номзади арзандаи худ дорем, ҳеқ кас ба ҷойи ҳамсар, бародар, падар, модар, ба монанди инҳо  дигаронро, ки синнашон аз 18  поён аст, ҳуқуқи овоз доданро надоранд.

Дар анҷоми суҳбат аз тарафи ҳозирин гуфта шуд, ки мо дар ин маъракаи сиёсӣ, интихоботи Президентӣ бо як дилгармию рӯҳияи баланд иштирок карда, ба тарафдории номзади арзанда, шахси боиродаю ватандӯст овоз медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg