
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо сокинон Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд. Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, рӯзи интихобот бетарафӣ зоҳир нанамуда фаъолона иштирок намоянд.