
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Восеъ даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баргузор гардид. Ба комиссариятии ҳарбии ноҳияи Восеъ 80 нафар ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтиёран ҳозир шуданд.
Дар чорабинии мазкур намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуда, иброз намуданд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбия, ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Баъдан аз ҷониби санъаткорони қасри фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардида, даъватшудагону волидайнашон рақсу хурсандӣ намуданд ва онҳоро бо дуои нек ба хизмати Ватан гусел карданд.