БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ”-и назди Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон, бо мақсади эҳтиром гузоштан ба заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорон, эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун арзиши волои миллӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аёдати 6 нафар омӯзгорони собиқадор ва нафақахӯр аз шаҳри Бохтар аз ҷумла, Одинаева Сумбула  омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №3-и шаҳри Бохтар, Мадраҳимова Маҳбуба ва Саидова Зебониссо омӯзгорони Литсейи давлатии Ориёно, Бегова Моҳтобӣ омузгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 9-и шаҳри Бохтар, Азизова Ниёзбегим ва Баҳриддинов Ҷума нафақахӯрон ташкил карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ омӯзгорон аз ҳаёту фаъолияти кории худ, дастовардҳои худ  суҳбатҳо ороста, ба волонтёрон аз заҳматҳои шабонарӯзии хеш баҳри тарбияи насли наврасу ҷавони миллат, ҳамчун панди зиндагӣ мисолҳо оварданд. Дар охир пирони рӯзгор ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷавонон дуои хайр дода, ҷавононро барои хизмати содиқона намудан ба халқу миллат ва Ватани азизамон- Тоҷикистон ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg