БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК МЕКУНЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи сокинон дар ин маъракаи сиёсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Дашти Дилии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов вохӯрӣ доир гардид.

Ҳамзамон, масъулин зикр намуданд, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот буда, иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулияти шаҳрвандист. Сипас, интихобкунандагон қайд намуданд, ки дар рӯзи интихобот масъулиятро дарк намуда, фаъолона иштирок менамоянд ва ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg