БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ - ИН САДОҚАТ БА ВАТАН!

ВАХШ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо усули «хона ба хона» суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Бо ин мақсад тибқи нақша дар деҳаи Замини нави Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия вохӯрии  навбатӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои зергӯруҳ иштирок дошта, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ  намуданд. Зимни суҳбат масъулин оид ба дастовардҳои ноил гардида дар давоми 7 соли гузашта ва нақшаҳои Барномавӣ дар давраи то соли 2027, дар бораи соҳаи   тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, ҷавонон занон ва варзиш иброзӣ андеша намуданд.

Ҳамзамон, ба  аҳолии деҳа варақаҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, барои иштирок дар рӯзи 11-уми октябр дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карданашон тавсияҳои судманд доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg