БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кормандони соҳаи тиб аз дастгириву ташаббусҳои неки Пешвои миллат миннатдоранд

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи №3» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин муҳокима гардид.

Аз тарафи иштирокчиён қайд гардид, ки Сарвари давлат ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва кулли мардуми кишварро бо моҳи  раҳмату мағфирати Рамазон шодбош гуфта, дар бораи фазилатҳои накуи он андешаронӣ карданд.

Инчунин аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки моҳи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом, имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кӯмак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати иштирокчиёнро ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар баъзе кишварҳои олам, ҳолати дастрасии аҳолии сайёра ба неъматҳои моддию сарватҳои табиӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва низоъҳои солҳои охир ба ташаккули дунёи маънавии инсоният, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҷалб карданд.

Дар охир кормандони соҳаи тиб дастгирии худро аз сиёсати имрӯзаи роҳбари давлат баён намуда.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg