БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ХУД ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии “Пролетар”, “МОПР”- и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ҷиҳати таблиѓу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Эмомалӣ   Раҳмон, бо иштироки  шахси боэътимоди номзад, Давлатзода Сайфиддин ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин   бо  интихобкунандагони вохӯрӣ баргузор  карданд.

Зимни вохӯрии мазкур масъулин оид ба саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ  шудани  ҳадафҳои  стратегии  Ҳукумати  мамлакат  ва нақшаву мақсадҳои  нав  барои  ҳафт соли оянда ,  ки  Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Барои  рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи марду»  таҳия  шудааст , суханронӣ  намуда,  аз ҳозирин даъват ба амал оварданд , ки  рӯзи 11октябр дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаи худ овоз  диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg