БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОЯНДАИ БОСУБОТИ КИШВАР ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ навбатии худро дар самти таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳудуди маҳаллаи Москваи Ҷамоати шаҳраки Гулистон вохӯрӣ ташкил намуданд.

Дар вохӯрӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва роҳбарони зергурӯҳҳо иштирок ва баромад намуданд.

Маҳмадсаид Абдулҳаев зикр дошт, ки имрӯз мо аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллии худ ифтихор менамоем. Чунин ифтихорро бояд ҳар як фарди солимфикри ҷомеа соҳиб бошад. Давлатсозиву таҳкими пояҳои давлати миллӣ дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром ҷараён дорад. Яъне, миллати тоҷик таҳти сарварии Пешвои худ бо ифтихор ва ҳадафмандона ба пеш қадамҳои устувор мениҳад. Интихоботи навбатӣ, ки марҳилаи нави рушди кишварро муайяну мушаххас мекунад, аз ҳар яки мо ҳушёриву дақиқсанҷиро тақозо менамояд. Мо бо интихоби Пешвои муаззами миллат фардои дурахшони худро таъмин хоҳем кард.

Инчунин, зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба оилаҳо варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID -19 тақсим карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаи мазкур диққати ҷиддӣ диҳанд ва тавсияҳои духтуронро риоя намоянд, бе зарурат аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg