
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз участкаи интихоботии №5 боздид ба амал оварданд.
Мудири шуъбаи таблиѓот, ва итттилооти Кумиттаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Неъматов Абдуҷаббор бо раиси участкаи интихоботӣ Мирзоев Музаффар вохӯрӣ анҷом дода, аз рафти омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуд ва ба масъулин барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дод.