БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРҶАМЪИЮ МУТТАҲИДӢ - АСОСИ ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 29 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати заҳмати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фаҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Фаромӯш набояд кард, ки таъмини ваҳдату ягонагӣ барои мо имрӯз ҳамчун обу ҳаво зарур аст, то тавонем дар ҷаҳоне, ки ҳанӯз ҳам дар он қувваҳои аҳриманӣ аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидаанд, ин сарзамини муқаддасро, ки онро ном Ватан аст, ободу озод нигоҳ дорем. Зеро мо як бор дидем, ки “роҳбаладон”-и манфиатхоҳ ба мо роҳ нишон доданду вале “тӯшаи роҳро надоданд”. Аз ин бошад, азобу машаққат ва хорию зориро мо дидем ва то ба имрӯз эҳсоси он дардҳоро аз қалбҳо берун карда наметавонем. Имрӯз аз ҳарвақта дида мо бештар бояд талоши ватанхоҳию ватандорӣ дошта бошем, худшиносу худогоҳ ва воқеъбину дилсӯз дар роҳи рушди минбаъдаи он бошем. Дар хотир бояд дошт, ки сарбаландии мо аз ватандории мост.

Аз ин рӯ, сарҷамъу маттаҳид будан дар атрофи Сарвари маҳбубе, ки ҳастии худро ба ин миллат бахшида, дар мушкилтарин лаҳзаҳо тақдири онро ба дасти худ гирифта, ҳифзи Ватанро аз ҳифзи ҷони худ воҷибтар донистанд, беҳтарин амалест, ки метавонад моро ба фатҳи марҳалаҳои навини давлатдорӣ бо сарбаландию ифтихор роҳнамоӣ намояд.

Алҳол мо дар остонаи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ қарор дорем.  Маъракае, ки моро дар пеш интизор аст, барои ояндаи давлату миллат такдирсоз арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, вазифаи ҷонии мо занон дар ин марҳилаи ҳассос пеш аз ҳама ҳифз намудани фазои ороми кишвар мебошад. Мо занон бояд нагузорем, ки ҳар гуна ақидаву гурӯҳҳо миёни занон ҷойгоҳ гирад, эҳтиёт бошем, ки фарзандони мо дар ин давра роҳгум гашта, фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашаванд. Оромиву ободии ин Ватан аз мо вобастагии калон дорад. Зеро занон нерӯе мебошанд, ки дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ метавонанд нақши муассир гузоранд.

Дар вохӯрӣ бо занон Президенти мамлакат махсус қайд намуданд, ки имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва тавоноии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба ҳифзи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст ва занону модарони мо, инчунин метавонанд дар таҳким Ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нақши бузург бозанд.

Шаҳло Ҳасанзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод                                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg