
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз бо меҳнаткашони деҳаи Сомониён -2 дар назди хоҷагии деҳқонӣ баҳри дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои саҳроиро баргузор намуда истодаанд.
Дар рафти баргузории вохӯриҳо, инчунин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда истодаанд, ки ба тарафдории номзади арзандаи пешбаринамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд ва ҳосили фаровони пахтаро бе талаф ҷамъоварӣ намоянд.