ПАНҶ. Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ва дар ин замина ҳифз намудани фарҳанги аҷдодӣ бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар маҳаллаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бо иштироки зиёда аз 60 нафар сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Ҳадафи аслии баргузор намудани ҷамъомад тарғиби либоси миллӣ миёни бонувон ва инчунин, ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона унвон мегардад.
Масъулин, доир ба фарҳанги бою ғанӣ доштани миллати сарбаланди тоҷик сухан карда, аз тарзи либоспӯшии модарону бонувони тоҷик ёдовар шуданд. Афзуданд, ки дар ҷомеаи мутамаддин ҳар як миллатро бо сару либоси миллиаш мешиносанду баҳо медиҳанд.
Либоси миллӣ низ яке аз унсурҳои фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, бинобар ин фарҳангро бояд тавре нигоҳ дошт, ки озод аз ҳама гуна таъсироти бегона буда, инъикосгари моддиёт ва маънавиёти миллат бошад.
Воқеан, тӯли якчанд соли охир маърифати бегонапарстӣ дар тарзи либоспӯшӣ ва кирдорҳои бархе аз ҷавонону наврасон ва занон ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.
Баъдан, Холов Диловар вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯю каналҳо, гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ суханронӣ намуд.
Дар қисмати охири вохӯрӣ ба иштирокдорон бо маводҳои таблиғотӣ – Оиннома ва Барномаи ҳизб дастрас карда шуд.