БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - ПОЯНДАГИИ ДАВЛАТ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон ва Сафарзода Асалмоҳ  шахси бо эътимоди номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягь бо кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3”-и  Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот масъулин бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз доштанд, ки мо барои татбиқи сиёсати иқтисодӣ дар оянда ҳалли масъалаҳои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ барои амалисозии ҳадафи олӣ - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии тараққиёти кишвар ва минтақаҳои он, аз ҷумла «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»,  таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табииӣ кишвар ҳамчун замина барои таъмин намудани гузариш ба модели индустриалии рушд ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ,  мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон,  такмил додани механизми дастгирии давлатии молистеҳсолкунандагони ватанӣ тавассути истифодаи самараноки воситаҳои ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳоди усулҳои муосири дастгирии молиявии онҳо ва ғайраҳоро зарур мешуморем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби муосир дар вазифаҳои хизматии  хеш содиқона хизмат намоянд ва дар ҳифзи солимии  ҷомеа нақши худро  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg