
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯриҳои ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бо интихобкунандагон идома доранд.
Чунин мулоқоти ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Даштиҷум бо кормандону сокинони деҳаи Даштиҷум ва Шоҳон вохӯрӣ доир гардид, ки дар он роҳбари зергурӯҳи ҳайати гурӯҳи тарғиботӣ Зиёев Сироҷ доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар рӯзи интихобот иштирок карда, ба номзади арзандаи ҲХДТ овоз диҳанд.