БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ- АРҶГУЗОРӢ БА ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 11 октябри соли равон баргузор мегардад ва ҷиҳати ба саҳми сокинон расонидани нақшаю дурнамои рушди Тоҷикистон барои ҳафт соли минбаъда, ки аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо сокинони деҳаи Пушкини Ҷамоати деҳоти   Яккатут мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд.

Дар ин мулоқотҳо намояндагон оид ба масъалаҳои интихобот суҳбат намуда, иродаи халқро ба воситаи интихобот саҳмгузорӣ дар таъсиси ҳокимияти давлатӣ арзёбӣ карданд. Бо назардошти  ин, масъулияти шахсӣ доштани ҳар як фардро дар интихобот лозим дониста, барои ояндаи дурахшони кишвар мардумро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Дар ин мулоқоту вохӯриҳо намояндагон бо сокинон оид ба таълиму тарбия ва касбомӯзии ҷавонон ва занону духтарон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суҳбатҳо гузаронида, дар бораи ҷалби мардум ба корҳои ободонӣ ва барои ихтиёран рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тавсияҳо доданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg