БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ШУКРГУЗОРӢ ВА САДОҚАТ БА ВАТАН ДАР ИНТИХОБОТ ИШТИРОК МЕНАМОЯМ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизбӣ  бо мақсади таблиғу ташвиқи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони деҳаи Файзбори Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов мулоқоту вохӯриҳо доир карданд.  

Ҳизбиён дар рафти вохӯриҳо ба сокинон нишондиҳандаҳои тараққиёти рушди иктисодию иҷтимоии мамлакатро давоми солҳои 2013-2020 бо мисолҳои мушаххас иброз намуда, амалу тадбирҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки то соли 2027 ба нақша гирифта шудаанд, ба саҳми онҳо расониданд.

Ҳамзамон, намояндагон миёни аҳолӣ оид ба иштироки оммавияти мардум дар интихобот, саҳмгузорӣ дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии худ дар интихобот  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мардумро ба корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагии маҳал, даъвати ҷавонони синну соли даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон ва пешгирии дастаҷамъонаи мардум аз бемории сироятии коронавирус даъват карданд.       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg