БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН БА ХОТИРИ НИГОҲДОШТИ ДАВЛАТИ МУТАМАДДИНИ ТОҶИКИСТОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизбиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия, ки дар ин гурӯҳ вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, собиқадорони ҳизб ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шомил ҳастанд, дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин бо мақсади муаррифии номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Дар мулоқоти мазкур намояндагон  Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, нишондиҳандаҳои давлату ҳукумати кишварро давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатамон арзёбӣ карданд.     

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботӣ оид ба сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнату  кӯшишҳои фарзанди фарзонаи миллат баҳри пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон ва рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуданд.  Ҳамзамон, намояндагон дар рафти мулоқотҳо сокинонро ба шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвар даъват намуда, барои вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, пешгирию муқовимат бо бемории сироятии коронавируси нав “Ковид-19”, барои самаранок истифода бурдани қитъаҳои заминҳои кишоварзӣ, захираи маводи ғизоӣ ва даъвати ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ маслиҳатҳои муфид доданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg