БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН - САҲМ ДАР ТАЪСИСИ ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ ВА АРҶГУЗОРӢ АЗ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ ВАТАНДОРӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади расонидани моҳияти интихобот, таблиғи номзад ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони кӯчаи Лоҳӯтии Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.

Дар ин вохӯриҳо намояндагон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба иштироки мардум дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дар бораи донистану истифодаи ҳуқуқу масъулияти шахсӣ дар раванди интихобот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботии пешазинтихоботии ноҳиявии ҳизб  дар бораи дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат тайи солҳои 2013-2020 суханронӣ намуда, заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои сулҳу субот дар кишвар ва некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон иброз доштанд. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар раванди вохӯриҳо мардумро ба корҳои ободонию бунёдкории маҳалли зист, пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва ҷавононро барои ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани  хизмати Ватан-Модарро содиқона адо намудан, даъват карда, тавсияҳои муфид доданд.      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg