БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ МАМЛАКАТ АҲАМИЯТИ ХОССА ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба тарғибу ташвиқи   Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Панҷ вохӯрӣ  баргузор карданд.

Ҳамчунин, дар рафти вохӯрӣ нафароне, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, иштирок доштанд. Зимнан дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳаснзода Тағоймурод доир ба масъалаҳои интихоботи дарпешистода, баромад намуда, иброз дошт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин шудааст, дар ҳаёти сиёсии мамлакат аҳамияти хосса дорад. Дар робита ба ин имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ доир намудани маъракаи интихоботӣ омодагӣ бомаром ҷараён доранд.

Аз ин рӯ, дар ин рӯзи маъракаи муҳими сиёсӣ, масъулияти баланди шарвандиро эҳсос намуда, ба тарафдории номзади арзанда овози худро медиҳем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg