БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶОНИБДОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Шомаҳмадова Ҷумагул ва А.Шарипов бобати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон бо усули маҳалла ба маҳалла ва "хона ба хона" бо сокинони маҳаллаҳои Мирзо Турсунзода, Ҳофизи  Шерозӣ ва Саъдии Шерозии деҳаи Обшорони Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ корҳои оммафаҳмониро роҳандозӣ намуданд.

Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ аъзои гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба дастовардҳо ва пешравиҳои кишвари азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, қайд доштанд, ки ҳамаи ин дастовардҳову пешравиҳо бевосита бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва халқи азизамон ба даст оварда шудаанд.

Пас моро лозим аст, ки ин дастовардҳоро ҳифз ва гиромидошт намуда, дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади арзанда овози худро диҳем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg