БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар роҳи ободкорию ватансозӣ фаъол гардидаанд

 КУШОНИЁН. Фаъолияти таблиғотии кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён барои барқарор ва мустаҳкам кардани иртиботи сохторҳои ҳизбӣ бо маҳал  мусоидат хоҳад  намуд.

Тибқи ҷадвали баргузорию мулоқотҳо  мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Кушониён Неъматуллоева Сабоҳат  бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишкӣ” оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои  Паёми  навбатии Пешвои миллат, омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ,  эҳтиром ва иҷрои  қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва инчунин,  тарзи  ҳаёти  солим,  пешгирӣ  аз  паҳншавии  бемории  сироятии  ВИЧ/СПИД,  тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва  хатарҳои терроризму  экстремизм  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаи беамон бар зидди коррупсия  ва  пайдошавии  ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро  дар шабакаҳои интернетӣ  вохурӣ доир намуда,  суханронӣ  карданд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ  мазмуну муҳтавои  суханронии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, дар мавзӯъи  “Ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад”, ки санаи 12 майи соли 2018 баргузор гардид, ба ҳозирин фаҳмонида дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg