БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади шарҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Гоголи Ҷамоати шаҳраки Балх мулоқот бо интихобкунандагон доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Асоев Хизридин корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва роҳбарони зергурӯҳ иштирок ва баромад намуданд.

Дар вохӯрӣ корманди ҳизбӣ муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат, таъсис додани ҷойҳои корӣ, сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум, вусъат гирифтани раванди созандагӣ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдат ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро ба интихобкунандагон тариқи оммафаҳм расониданд.

Дар фарҷом қайд карда шуд, ки санаи 11 октябри соли равон дар интихобот фаъолона иштирок намуда, барои ояндаи давлату миллати азизамон Тоҷикистон саҳми худро гузоред.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg