БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПРЕЗИДЕНТИ МАН, ИНТИХОБИ МАН, ИФТИХОРИ МАН!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шҳинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии   ТҶҶ  «Созандагони Ватан»  дар  ноҳияи Носири Хусрав бо ҷавонону наврасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии  №25 деҳаи Муминободи Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯриҳо оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ростои “Ватанамро боз ҳам пешрафтаю шукуфотар бубинам” ҳамоиши ҳизбӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо баргузор намуданд.

Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ иброз намуданд, ки мо насли ояндасози кишвар бо дарки баланди масъулият, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба  арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати  худ исбот менамоем, ки роҳи интихобкардаамон дар  масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.

Имрӯзҳо дар кишвари азизамон баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст.   Ҳар насли ҷавони кишварамон, ки синни  18-ро  то  рӯзи интихобот пур мекунад, ҳуқуқи иштирок  дар  интихобот дорад. Мо  ҷавонони кишвар  дар  интихобот иштирок намуда, барои ояндаи пурсаодату хуррамии  худ ба  тарафдории номзади арзанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мо ҷавонон дар  меҳвари сиёсаташон қарор дорем овози худро медиҳем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg