
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳайати гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бобоқул Хидирови Ҷамоати деҳоти Истиқлол мулоқоту суҳбатҳо баргузор намуданд.
Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027), ки ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт, таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, дастоварду пешравиҳои кишвар равона гардидаанд, ба дарки сокинон расонида шуда, ба онҳо маводҳои таблиғотии ҳизбии номзади ҲХДТ дастрас карда шуд.