БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ТАБЛИҒОТИИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари мманфиатҳои миллӣ.

Аъзои зергурӯҳҳои  гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати таблиғу ташвиқи   Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар деҳу маҳаллаҳои  ноҳия,    дар толору маҷлисгоҳҳо, дар саҳро ва ба таври “хона ба хона” корҳои  фаҳмондадиҳиро   ба роҳ монданд.

Интихобкунандагон баъди шинос шудан аз Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон ба як давлати боз ҳам тараққикарда табдил меёбад ва барои мардум зиндагии шоиста фароҳам оварда мешавад.

Дар ин рӯз таблиғотчиён, аъзои зергурӯҳҳо  бо иштироки зиёди интихобкунандагон  6 суҳбату вохӯрӣ дар толору маҷлисгоҳҳо, 10 мулоқоту вохӯриҳо дар саҳро ва 481 суҳбату вохӯрӣ бо усули “хона ба хона” гузарониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg