
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо интихобкунандагони маҳаллаи Синои Ҷамоати шаҳраки Москва оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки ҳамасола ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, давлат барои ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи мардум тадбирҳои зарурӣ меандешад.Сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бодарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона мегардад.