БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ - ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳия Фархор мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот Раҳимова Маъмурбӣ баромад намуда, қайд кард, ки парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд.

Тақдир ва сарнавишти миллати ҷоҷик дар солҳои 1992-1994 чун “Ашки сари миҷгон” дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда, ба ҳар хонадоне осоре аз ғаму андуҳ ниҳода буд.Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз мекунам”  буд.

Дар воқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳи дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон пойдор намуд. Маҳз бо шарофати саъюу талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg