БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот миёни духтарон ҷиҳати ҳифз намудани фарҳанги миллӣ

КӮЛОБ. Бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби либоси миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №51 бо духтарон мулоқот анҷом дода шуд.

Дар мулоқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Мунаввараи Бозоралӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки солҳои охир бо майл кардан ба бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ занону духтарони мо пӯшиданӣ либосҳои барои миллати мо бегонаро пеша кардаанд, ки ин ягон асолати милливу динӣ надорад. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Дар ин росто моро лозим аст барои ҳифзи рукнҳои фарҳанг миллӣ ва барои аз байн бурдани анъанаҳои бегонаи либоспӯшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспӯшии миллии худамон корҳои тарғиботиро бештар намоем.

Ҳадафи аслии баргузор намудани мулоқотҳо тарғиби либоси миллӣ миёни духтарону бонувон ва ҳамзамон ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омезишёбӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона аз ҷониби баромадкунандагон унвон гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg