БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“САФЕД СИЁҲ АСТ ВА СИЁҲ САФЕД” - ШИОРИ АЪЗОИ ТЭТ ҲНИ

ВОКУНИШ. 11 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Интихобот яке аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маърака тамоми аҳзоби сиёсие, ки дар кишвар фаъолияти қонунӣ доранд, метавонанд номзадҳои худро пешниҳод намоянд. Тибқи иттиллои охирин то имрӯз 5 ҳизби сиёсии кишвар аллакай номзадҳои худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбарӣ намуда, вориди рақобат гардида истодаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли 2020 дар Анҷумани 14-уми худ номзадии арзандатарин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Ба вуқӯъ пайвастани кӯчактарин ҳодиса ё рӯйдод  дар кишвар боиси валвала сохтан аз ҷониби хоинони миллат мегардад. Ва табиатан  интихобот яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсиест, ки аз назари сиёҳкорону хоинони миллат ҳамеша ин чорабиниро ба манфиати худ  ва хоҷагонашон истифода мебаранд. Дар ин ҷо андешаҳои худро на ба ин маъракаи сиёсӣ, балки дар бораи иддае аз даъвогарон, махсусан дар бораи гуфтаҳои Муҳаммадиқболи Садриддин ва барномаҳои ӯ дар сомонаи ислоҳ.нет баён кардан мехоҳам.

Ростӣ, ҳайфи ду соати ҳаётам, ки барномаи ин нобакоронро тамошо кардам. Дар ду соате, ки ин барномаро тамошо кардам хоини фатанфурӯш бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин сомонаи таҷдидшудаи маркази дурӯғпаҳкунандаи хоинони Ватанро дар Аврупо ислоҳ.нет-ро муаррифӣ мекард. Сипас, суҳбати телефонӣ бо чанде аз “ҳамватанон” дошт. Аз суҳбати онҳо метавон як хулоса кард, ки ҳамааш сохта аст. Ва ин манзара бо ҳунармандони бемаҳорату беистеъдодаш саҳнаи сирк ва масхарабозиро мемонд. Яке аз онҳое, ки Муҳаммадиқболи Садриддин тариқи телефон ҳамсуҳбат гардид, ин хоини Ватану миллат Шарофиддин Гадоеви лаънатӣ буд.

Ҳангоми суҳбат Ш.Гадоев аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон сухан карда, мегӯяд, ки “Мо ва мардуми Тоҷикистон як душман дорем”.

Эй аблаҳи хоин ба ту ва ҳаммасалакони ту, ки подаи гӯсфандони бесоҳиб, лухтаки дасти хоҷагони хориҷиатонро мемонед, ки ҳуқуқ дод аз номи тоҷикон ва тоҷикистониён сухан гӯед? Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон танҳо ба Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ, ки тариқи овоздиҳӣ интихобашон кардаам, ҳуқуқи аз номи мардуми Тоҷикистон сухан карданро додаему халос. Пас Шумо на ҳуқуқи маънавӣ ва на ҳуқуқи маънавие надоред, ки аз номи мардуми сарбаланд ва шарафманди тоҷик сухан гӯед.

Муҳаммадиқболи Садриддин иброз медорад, ки ӯ даъвогари гирифтани ягон мансаб нест. Ӯ кадрҳои роҳбарикунандаи имрӯзаи Тоҷикистонро бесавод, чӯпон мегӯяд. Агар Тоҷикистон дар зарфи 29 сол бо кадрҳои гуфтаи ў ба ин қадар комёбиҳо ноил гашта бошад, пас Шумо, ки саводи казоии дунявӣ надоред, барои Тоҷикистон хизмати як  саотае, ки Пешвои миллат барои Тоҷикистон кардааст дар тамоми умратон ба анҷом нарасонидаед ва наметавонед.

Даъвои дигари Муҳаммадиқболи Садриддин он аст, ки дар солҳои 90-уми асри 20 бо дастури бевоситаи роҳбарияти Тоҷикистон  як зумра равшанфикрони тоҷик кушта шудаанд. Чи даъвои дурӯғину беасос. Ба тамоми мардуми кишвар маълум аст, ки тамоми равшанфикрони Тоҷикистон дар охири асри 20 аз ҷониби роҳбари ТЭТ ҲНИ ва бо супориши хоҷагони хориҷии онҳо кушта шуданд, ки ин аз ҷониби мақомотҳои дахлдори қудратӣ исбот карда шудаанд.

Агар дар ин бора сухан кардан гирем, ба хоинони миллат нафъе надорад. Онҳо дидаву дониста сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ мегӯянд. Зеро ки мавқеи онҳо ҳеҷгоҳ ба манфиати давлату миллат нест ва нахоҳад буд.

Дар интиҳо мехоҳам ба ҳамватанони худ хусусан ба ҷавонон муроҷиат карда, иброз дорам, ки ба гуфтаҳои ин хоинони миллат фирефта нашаванд.

Зеро ҳар як ҳарфи онҳо аз нигоҳи хоҷагони хориҷӣ ва ба манфиати шахсии онҳо нигаронида шудаанд. Инро мо дар масъалаи пандемияи коронавирус дидем ва шоҳид шудем.

Моро лозим аст, ки чун мардуми тамаддунофар манфиатҳои миллӣ ва давлатиамонро аз ҳамагуна манфиатҳо боло гузошта, рӯзи 11 октябри соли 2020 ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳему ба ибораи бузургии халқӣ амал намоем “саг ҷакидан мегирад, корвон ба роҳи худ рафтан мегирад”.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg