БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ ҶАВОН

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант шахси боътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Асалмо Сафарова  дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Асалмо Сафарова дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад, моро мебояд, ки ба номзади арзанда, ки барои 7 соли ояндаи Тоҷикистон фаъолият мекунад, ба участкаи интихоботии худ рафта, овоз диҳем.

Инчунин, қайд карда шуд, ки Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон дар доираи дигаргуниҳое, ки  солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти  дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Ватанзода Сайҷафар зимни суханронӣ қайд кард, ки интихобот яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва зуҳуроти демократӣ буда, дар ҳар давлат мувофиқи қонунҳо, таҷрибаи бардавоми ташкил ва гузарондани он, ифодаи манфиат ва иродаи ҳокимияти халқ амалӣ мешавад. Аз ҷониби ҳизбҳои мухталифи сиёсӣ пешниҳод гардидани номзадҳо низ гувоҳи озодии сиёсӣ дар кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванд имконият фароҳам меоварад, ки ба ин мансаби олии давлатӣ пешбарӣ шавад ё худ озодона номзади худро интихоб намояд. Дар ин маъракаи тақдирсоз набояд касе бетараф бошад, чунки интихоби Президент тақдири як миллатро ҳал мекунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg