ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Навобод 1 ва 2 вобаста ба огоҳонидани сокинон аз бемории сироятии коронавирус доир гардид. Масъулон зимни баромад ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси навъи COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар охир ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотиро дастрас карданд. Инчунин, дар рафти вохӯрӣ моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон фаҳмонида шуда, онҳо барои интихоби ояндаи дурахшони Ватан ҳидоят гардиданд.

ЭЪЛОН ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”
Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Архивӣ Моҳона
- Июн 2026 (36)
- Май 2026 (112)
- Апрел 2026 (3)
- Март 2026 (4)
- Феврал 2026 (36)
- Январ 2026 (66)
- ноябр 2025 (3)
- Октябр 2025 (14)
- Сентябр 2025 (53)
- Август 2025 (10)

















