БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИН САДОҚАТ БА ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия  дар ташкилоти ибтидоии “Гушун” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид. Инчунин,  дар вохӯрӣ аз ҷониби  масъулини қайд карда шуд, ки иштирок дар интихобот-ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мо садоқати худ ва ҷонибдории пешрафти  мамлакатро нишон медиҳем.

Инчунин, дар идома масъулин вобаста ба пешгирии мавҷи дуюми  бемории сироятии коронавирус дар фасли тирамоҳ сухан гуфта, сокинонро таъкид карданд, ки пайваста аз маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ истифода карда,  дар ҷойҳои серодам фосилаи иҷтимоиро нигоҳ доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg