БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад вохӯрӣ  доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи  таблиғотӣ  вобаста ба моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии  номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои 7 соли ояндаи дурахшон нигаронида шудааст, сухан гуфта, таъкид кард,  ки ҳама  заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои миллат барои таъмини зиндагии шоиста ба мардум ва  пешрафту шукуфоии Ватан мебошад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ҷавобан ба ин ҳама  ғамхориҳо дар  рӯзи интихобот  ширкати фаъолона карда, барои ноил шудан  ба ин дастовардҳои  бузург ба номзади арзандаи ҲХДТ  овоз диҳем.

Дар охир интихобкунандагон суханрониҳои гурӯҳи таблиғотиро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, афзуданд, ки дар рӯзи интихобот ба номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳем дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg