
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия бо истиқоматкунандагони деҳаи Ғеш вобаста ба таблиғу ташвиқи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии номзад мулоқот доир карданд.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 7 соли сипаришуда, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 соли оянда андешаронӣ карда, сокинонро барои саҳм гузоштан дар рушду нумуи кишвар, баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ва иштироки фаъолона дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ карданд.
Инчунин, иштирокчиён дар навбати худ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуда, ба суолҳои хеш аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.