
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрии раиси Кумитаи иҷроия бо мушоҳидони миллии ҲХДТ дар участкаҳои интихоботии ҳавзаи Левакант-47 доир гардид.
Ватанзода Сайҷафар оид ба вазифаҳои мушоҳидони миллӣ дар рӯзи интихобот, иштироки онҳо барои шаффоф ва ошкоро гузаронидани интихобот, фаъол будани онҳо дар рӯзи интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.
Ҳамзамон, аз тарафи Ватанзода Сайҷафар дар рафти вохӯрӣ ба мушоҳидони миллӣ шаҳодатномаҳо, инчунин Барномаи пешазнтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.