БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ДАЪВАТШУДАГОНИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ШАҲОДАТНОМАҲОИ РОНАНДАГӢ СУПОРИДА ШУД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ, дар Комиссариати ҳарбии ноҳия,  бо иштироки раиси ноҳияи Кӯшониён  Вализода Икромиддин Сироҷиддин, даъватшудагон ва волидони онҳо ба як қисм ҷавонони даъватшуда марҳилаи якуми супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва бо дастгирии ташкилоту идораҳои ноҳия зиёда аз 100 нафар ҷавонон ба курсҳои ронандагӣ сафарбар гардида буданд ва марҳила ба марҳила ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ройгон супорида мешавад. Аз ин иқдоми пешгирифтаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, даъватшудагон ва волидони онҳо хушҳол гардида, миннатдории худро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg