БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хайру садақотро дуруст сафарбар созем ва онро ба манбаи худнамоӣ табдил надиҳем

ЁВОН. Дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  дар деҳаи Даштободи ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа имомҳои масҷиди панҷвакта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд.

Нахуст муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мухтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба кадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва ғайра андешаронӣ намуданд.

Дар охир имомхатиби масҷиди Даштобод Ёрмаҳмадов Маҳмадлатиф, раиси маҳаллаи Даштобод Роҳатов Ё. суханронӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон мамоният иҷро менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg