БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОНУВОНИ САРБАЛАНДИ ТОҶИК ИМРӮЗҲО ҚОДИРАНД ДАР БАРОБАРИ ТАРБИЯИ НАСЛИ СОЛИМ САҲМИ АРЗАНДАИ ХЕШРО ДАР ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ, ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ ГУЗОРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки тарғиботчиёни назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо занони фаъоли Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъи ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз миёни собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нахустинҳо шуда, Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон"-ро эътироф намудаву ба имзо расонид. Баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи имрӯза ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии  вай бо мардҳо ба яке аз самтҳои асосии сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон тадбил ёфтааст. Ва ин ҳама аз неруи бузургу пешбаранда будани занон дар ҷомеаи мо шаҳодат медиҳад. Бо ибораи дигар бонувони сарбаланди тоҷик имрӯзҳо қодиранд дар баробари тарбияи насли солим саҳми арзандаи хешро дар пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими сулҳу субот гузоранд. Аз ҷумла шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 551 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 2,3 фоизро ташкил медиҳанд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон нисбати занону модарон давлату Ҳукумат ва тамоми ҷомеа таваҷҷуҳи хоса доранду бонувони мо воқеан аз зумраи занони хушбахти олам ба ҳисоб мераванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg