БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАҲОИ ХУДРО БО ИСТИФОДА АЗ СУХАНОНИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ОҒОЗ МЕКУНАНДУ БАЪДАН БА ҒАЙБАТУ СИЁҲКУНӢ, ТУҲМАТ ЗАДАН МЕГУЗАРАНД

ВОКУНИШ. Қариб ҳамарӯза аз шабакаҳои интернетӣ баромадҳои мухолифини ҳукуматро дар барномаҳои алоҳидаи сохтаашон «Имрӯз, Ислоҳ ТВ,  Паём ТВ  ва суҳбатҳои алоҳидае, ки худашон худсарона ташкил мекунанд» мебинам. Баромадҳояшон танҳо иғво андохтан, мансабпарастӣ, бахилӣ асту бас. Ягон суханашон маънӣ надорад ҳама пучу сафсатаи холӣ. Мақсади онҳо ба даст овардани мансаб ва амалӣ намудани ниятҳои нопокашон  мебошад. Барномаҳои худро бо  истифода аз суханони дини мубини Ислом оғоз мекунанду баъдан ба  ғайбату сиёҳкунӣ, туҳмат задан мегузаранд. Ҳол он ки дини мубини ислом ғайбат ва туҳмати ноҳақро гуноҳи азим меҳисобад. Инҳо  ба ақидаи худашон «равшанфикрон»  дини мубини ислом василаи истифодаи худ қарор додаанд. Мехоҳанд бо истифода аз ин амалашон ақидаи мардумро дигар намоянд ва  мақсади нопоки  худро ҷорӣ намоянд. Аммо одами босавод, бофаҳм агар ҳамаи суханони онҳоро аҳмият диҳад ғайр аз ғарази нопок, бадбинӣ, туҳмату буҳтон чизе нест. Гуфтаҳои онҳо ҳеҷ асос надорад. Масалан хабар мехонанд: «шахси ин хабарро  ба мо гуфту аз гуфтани номаш худдорӣ кард». Ин далели овардаи онҳо хандаовар аст. Айб аст аз давлати хориҷа истода Ватани худро танқид кардан. Буданд одамоне, ки бо айби худ аз Ватан баромада рафтанду паноҳандаи дигар давлат шуданд. Аз дур дар ҳаққи  Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва фарзандонашон чӣ туҳматҳо ва чӣ гапҳое мебофтанду мегуфтанд. Аммо вақте Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбари давлат онҳоро дар асоси Авфи Тиллои  бахшид,  суханонашон дигар шуд ва тариқи интернет баромад карда, чунин суханонро ба забон оварданд:«Ман  як дарахти хушки  сари роҳи деҳаамро, Ватани азизам Тоҷикистонро ба сад давлати пешрафта иваз намекунам» модом, ки чунин бошад чӣ даркор аст сиёҳ кардани давлати худ. Танҳо марди ҳақиқӣ метавонад чунин ашхосро бахшад. Ин ҷавонмардиро Пешвои муззами миллат  карда тавонист. Воқеан Эмомалӣ Раҳмон як шахсияти бузург аст ва дили бузург дорад. Ӯ ба ин бузургии худ тавонист  Тоҷикистони ба хун оғуштаро, ки аз байн мерафт раҳо созад. Ва тоҷике, ки номи гурезаро гирифта буд, ба кулбаи бобоӣ ба хонаи худаш баргардонад. Ӯ тавонист дастурхонеро, ки  бо касофатии ҷанги бародаркуш  холӣ гашта буд, пурнозу неъмат гардонад. Аз баракаташ ҳар як хонадон пур аз ганҷ аст, пур аз файз аст. Пешвои миллати тоҷик тавонист  бори дигар тоҷикро соҳиби Ватан, Парчам, Нишон, Марз, Артиши  миллӣ, забон, фарҳанг ва дар арсаи ҷаҳонӣ соҳиби қадр намояд. Ва ба шахсиятҳое, ки дар гузашта барои миллати тоҷик хизмат кардаанд, номи қаҳрамонӣ диҳад.

Ӯ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва олими барҷаста дарк кард, ки агар хоҳанд давлатро аз байн баранд аввал ба забон, фарҳанг, либоси миллӣ ва маданияти он давлат таъсир мерасонанд. Барои ин мақоми забони давлатиро дар сатҳи аввал гузоштанд. Аз минбари баланди СММ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Ба ҷаҳониён маълум сохтанд, ки забоне бо номи забони тоҷикӣ аст ва давлате бо номи Тоҷикистон. Имрӯз баъзе миллату халқиятҳои дигар забони моро меомӯзанд ва ба он гуфтугӯ мекунанд. Ин фахри мост ва ифтихори мардуми тоҷик аст. Ба хотири шинохти таърихи тоҷикон ва миллати тоҷик чандин пешниҳодҳо дар  СММ, Юнеско    намудааст, ки аз тарафи дигар давлатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ  дастгирии ҳамаҷониба ёфтаанд. 

Сатторова Меҳрубон, роҳбари Гурӯҳи вакилии  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg