БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАҲМАТУ ТАЛОШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУДАНД, КИ БА ИН РӮЗҲОИ НЕК РАСИДЕМ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мо дар тӯли солҳои истиқлолият дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба пешрафтҳои назаррас бо заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулху вахдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гаштем. Барои иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат, ки аз таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар иборат мебошанд, қадамҳои устувор гузошта, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардондем. Пешрафти босуботи иқтисоди мамлакат, пеш аз ҳама, дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулгардидаи афзалиятнок, аз ҷумла “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯахволии мардуми Тоҷикистон барои солхои 2013-2015, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, "Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018 ва дигар барномаҳои давлатӣ таъмин гардид. Ҳоло дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ марҳала ба марҳала идома дошта, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои тараққиёти устувор тибқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ шуда истодааст. ин ҳамаро дар ташкилоти ибтидоии “Зафар ХХ1” тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg