
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагони маҳаллаҳои Лоҳутӣ,Тамошотеппа, М. Ҳакимов ва Ҳисориёни шаҳри Кӯлоб мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин, Сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшо ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Лоҳутӣ” Розиқова Рухшона иштирок ва баромад намуданд.
Зимни суҳбат Фирӯзи Саидмӯъмин қайд дошт, ки интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад.
Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.