
АНДЕША. Дар ҳар як давру замон, махсусан дар давраҳои ҳассос афроде пайдо мешавад, ки бо хизматҳои шоистааш дар ҷаҳон маҳбубу машҳур мегардад. Чунин шахсият дар сарнавишти давлатдории тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун вориси ҳақиқии Сомониён ба миён омаду миллати тоҷикро сарҷамъу Ватанро аз нестшавӣ раҳоӣ бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин, фазлу дониш, маъсулияти баланди ватандӯстию миллатдӯстӣ ва аз маҳорати беҳамто миллатро тавонист, дар як муддати кӯтоҳтарин аз вартави ҷанги шаҳрвандӣ наҷот диҳад. Ӯ ҷони худро дар кафи даст гирифта, мулк ободу осуда сохт.
Мардум ба ӯ бовар карданд, дар атрофаш ҷамъ омаданд ва дар гирди як дастархон муттаҳид гаштанд. Аз ҳама муҳимаш халқи бедавлатро соҳибдавлат кард.
Ҷанги девонавори мо бигзашт,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Марҳилае, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари карда истодаанд, мамлакатамонро ба давраи гуногун ҷудо намудан мумкин аст.
- давраи якум, аз моҳи ноябри соли 1992 то моҳи марти соли 2000, ки марҳилаи барқароркунии низоми конститутсионӣ, баргаштани ҳамаи гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва созишномаи сулҳ чун ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
- давраи дувум, аз моҳи апрели соли 2000 то замони ҳозира буда, марҳилаи рушди осоиштаи кишвар ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ барқарор кардани иқтисодиёт ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, дар сатҳи баланд бардоштани некуаҳволии халқ, инкишофи фарҳанг ва фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Миллати тоҷик ва Тоҷикистон дар замони истиқлолият ҳар чизе, ки ба дастовард, бешубҳа ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.Дар ин росто мо ҷавононро мебояд зери сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, доимо талош дошта бошем, ки ин Ватани аҷдодиамон ободу зебо гардида, зиндагии мардум беҳтару хубтар шавад. Дар замони ҷаҳонишавӣ, ки бархурди тамаддунҳо ба назар мерасад, аз ҳарвақта дида, ҳушёру зирак бошем ва бар зидди ҳамагуна бегонапарастиву ифротгароӣ дар сафи пеши муборизаҳо қарор гирифта бошем. Нагузорем то ягон нохалафе ин Ватани ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар ба дастовардаро газанде расад.
Гулмадов Комрон, узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб