БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон пешрафти кишварро дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебинанд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, оид ба ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҲҲДТ, эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит, Сил, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву  бунёдкорӣ, рушди соҳаи хоҷагидорӣ, сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти сарнивақтии маблағи он,  самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои корам суханронӣ карда, иштирокдоронро  баҳри пешрафту шукуфоии Ватан, татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg