БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМ БА ГУФТАҲОИ ХОИНОНЕ, КИ ҚАЛБИ НОПОК, ВИҶДОНИ ФУРӮХТАШУДА ДОРАНД, ҲАРГИЗ БОВАР НАХОҲАНД КАРД

ВОКУНИШ. Аз ҳангомаҳои хоинону ватангумкардагон мисли Кабирӣ, Алим, Ашур, Илҳом ва дигар ҳамсафонашон ва наворҳои иғвоангези онҳо муайян мешавад, ки чун аз тинати ин хоинону фитнаангезон ғайр аз носазо гуфтану туҳмат задан коре дигар бар намеояд, билохира чун ақраб кори метавонистаашро мекунад, яъне неш задан. Ягона ҳадафи чунин ватангумкардагон рекламаи худ ва ҷалби таваҷҷуҳи хоҷагонашон мебошад, ки бояд онҳоро розь кунанд вагарна дигар аз куҷо пулу сарват ҷамъ карда, киссаҳояшонро пур созанд?!. Ҳарчанд аз обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯз, дар самти масоили об, мубориза бо терроризму экстремизм ва ғайраҳо хуб огоҳ аст, аммо қалби нопок, виҷдони фурӯхташуда ва муттаҳамии онҳо пеши хоҷагон чашмонашонро парда пӯшидаасту чизеро дида наметавонанд.

Бояд гуфт, ҳодисаҳои дар солҳои навадум рӯх дода, аз хориҷи кишвар роҳандозӣ ва раҳнамоӣ шуда, мардуми ноогоҳу зудбовари моро бероҳа намуданд. Он замон бо ҳар роҳу восита намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои “навбаромад”, роҳи иртиҷоиро пеш гирифта, зери шиорҳои мухталиф, аз қабили барои «фарҳанги аҷдодӣ» тамоили бегонапарастиро авҷ гиронда, пояҳои сохтори сиёсии ҷумҳуриро дар ҳамон вақт давра ба давра суст ва фалаҷ менамуданд ва имрӯз низ ин раванд пардапӯшона бо роҳу василаҳои дигар кору амалиёт намуда истодаанд.

Дар раванди омодасозиву дигаргуниҳо ва бозсозии ҷомеа, ба майдон демократҳо ва исломиён омада, истифода аз барҷомониҳо, барномаҳои тарҳрезишудаи худро паи амал қарор доданд. Ба бадахтии миллати мо тамоми намояндагони собиқ Ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ моликияти меросмондаро тақсим ва азони худ менамуданд. Мо бошем, ба даъвоҳои авомфиребонаи иддае аз «ватанхоҳон» гӯш дода, «Мулки ғоратзадаро, ғорати дигар кардем, Сарварӣ хоставу сарбуриро сар кардем».

Иғвоҳои сиёсӣ, гаравгонгириҳои намояндагони мардумӣ, ноадолативу сиёҳкуниҳои беасос аз рӯи сенарияҳои пешакӣ бо дастур ва роҳандозии хоҷагон ба оғози задухӯрдҳо ва ҷанги шаҳрвандон асос гузошт. Дар кӯтоҳтарин муҳлат ҳазорҳо одамони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор бехонумон гардиданд. Ин ҷанг зиёдтар аз 10 миллиард доллари амрикоӣ ба хоҷагии халқ зарар расонид. Даҳсолаҳо раванди тараққиёти мамлакатро боз дошт. Сари муҳаррик ва чамбараки ин ҳаводису бадбахтиҳои таҳмилшуда киҳо истода буданду имрӯз низ «ҷон» коҳонида истодаанд, ба ҳама маълум аст. Намояндагони ТТЭ ҲНИ дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ ҳамаи дастурҳои хоҷагони худро бечуну чаро иҷро менамуданд, зеро маблағҳо ва имтиёзҳо онҳоро намегузоштанд, ки супоришҳоро иҷро накунанд. Имрӯзҳо низ ин раванди хоинонаро идома дода, барои парокандагию зери хоку хун кашидани Ватани маҳбуби ҳамаи мо - Тоҷикистон талошҳои зиёдро бо ҳар роҳу восита карда истодаанд. Ин ҷо бори дигар иброз медорам, ки ин намояндагон аз мактаби давлатсозии миллӣ огаҳӣ надошта, бо назари танги сиёсиву идеологӣ ва фикриву фарҳангӣ, мафкуравию ахлоқӣ, имрӯзу ояндаи худ ва атрофиёнашонро доғдору сиёҳ месозанд. Тӯли солҳои сипаришуда мардумони шарафманди кишвари азиз, пурра дарк намуданд, ки мо ба муҳимтарин дастоварди башарӣ-сулҳу субот ва амнияту ваҳдат бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаи мурод расидем. Дар ин кори сангину мушкилтарин тамоми мардуми кишвар дар паҳлуи Сарвари давлат истода, талош ва кӯшиш намуданд, ки бардарон ба ҳам оянд. Имрӯз мо бо эҳсоси баланди ватанҳоҳӣ бояд сарҷамъона ин дастоварду музаффариятҳои хешро чун гаҳвараки чашм дифоъ намоем. Набояд халқи азизи кишвар ба дассисаву суханбозиҳо, фитнаангезию хиёнатҳои наҳзатиён гӯш диҳанд. Зеро «кӯр як маротиба асояшро гум мекунад», дубора гум кардани асо, маънии ба фано расиданро дорад.

Шоева Дилноза,  мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg