
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Оқсу бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар баргузории чорабинӣ омӯзгорон, собиқадорони ҲХДТ ва истиқоматкунандагони деҳа оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ зимни баромади худ қайд дошт, ки иштирок дар интихобот ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ мо садоқати худ, дастгирии сиёсати давлат ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон медиҳем.