
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстн аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиботчиёни ноҳия, дар бинои муассисаи таълимии №31 - деҳаи Боботупхонаи Ҷамоати деҳоти Оқсу бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври муфассал хонда шуда, дастоварҳои ҳафтсоли аз интихобот то интихоботро ба дарки ҷомеа расониданд.