
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмин намудани иштироки фаъолонаи сокинон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар баргузор мегардад, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаҳои Ғаллаобод ва Ҳақиқат 1-и Ҷамоати деҳоти Галлаобод бо аҳолӣ вохӯрӣ гузаронида, ба сокинон фаҳмонида шуд, ки ҳатман бояд дар интихобот иштирок намоянд ва мавқеи худро бо интихоби номзади арзанда муайян созанд.
Сипас, дар охир ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.