БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО РАИСОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар толори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Сараввал муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафаралӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Баъдан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ба сухан баромада, миннатдории худро ба кулли шахсоне, ки дар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳия саҳм гузоштаанд баён намуда, иброз доштд, ки интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянгардидаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва ҷомеа мебошад. Дар анҷоми вохӯрӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ қайд намуданд, ки бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо тамоми мушкилотҳои пешомадаро паси сар кард ва имрӯз барои мо шаҳрвандон шароити зисти мусоидро фароҳам оварданд. Бинобар ин мо ҳама якҷоя номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg