БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МО АЗ ИНТИХОБИ ДУРУСТ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Боғчаи№1” ҷиҳати тарғиб намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карданд.

Масъулин дар рафти вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз аъзои ташкилоти ибтидоии болозикр даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 11-уми октябри соли равон баргузор мегардад, фаъолона ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ, барои пешрафти Тоҷикистони азиз раъйи худро диҳанд.

Ҳамзамон, кормандони масъули ҳизбӣ  аз участкаи интихоботии №4 дидан намуданд ва маълум гардид, ки участкаи мазкур пурра омода аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg